Пайвандҳои дастрасӣ

Модари мухлиси «Равшан» ройгон ошпази бозингарон шуд


Гулсунбӣ Иброҳимова.

Гулсунбӣ Иброҳимова.

Мухлисе дар Кӯлоб барои бозингарони хориҷии дастаи футболи «Равшан» меҳмонхона ва ошхона сохтааст, то дастаи дӯстдоштааш имсол низ чемпион шавад.

Нуриддин Набиев, соҳибкор ва мухлиси ашадии дастаи «Равшан» барои даҳ бозингари ин даста меҳмонхонаро то охири сол ройгон дар ихтиёри легионерҳо мегузорад. Легионерҳои «Равшан» то замоне дар ин меҳмонхона бидуни пардохти маблағ хӯрок мехӯранд, ки дастаашон шикаст нахӯрад. Дар сурати мағлуб шудан Нуриддин қавл додааст, ки меҳмонхона ва хӯроки ошхонаро барои бозингарон пулакӣ хоҳад кард. Замоне мо ба меҳмонхонаи сохтаи ин соҳибкор рафтем, ӯ барои мухлисии «Равшан» ба ноҳияи Турсунзода рафтааст. Вале аз натиҷаи бозӣ маълум шуд дастаи "Равшан" бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овардааст.

Гулсунбӣ Иброҳимова, модари ин соҳибкор, ки худро мисли фарзандаш аз мухлисони футбол медонад, мегӯяд, барои бозингарони даста се вақт хӯроки ройгон мепазад. Ӯ мегӯяд, фарзандаш соҳибкор аст ва мехоҳад, бо ин васила дастаи дӯстдоштаашонро ҳамеша пешсаф кунанд.

Хонум Гулсунбӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт: «Даҳ нафар футболбозе, ки дар ин ҷо хобанд маро «очаҷон» мегӯянд. Онҳо ин ҷо ғариб ҳастанд ва ғарибонро дастгирӣ кардан кори савоб аст. Соати чори шаб аст, ки мехезанду мегӯянд, ки очаҷон гурусна шудем. Эҳтиром мекунанд ва баъзан вақт мисли модар ҷангашон ҳам мекунам, лекин онҳо маро мефаҳманд. Ҳамаи ин ба хотири фарзанд аст. Ба хотири Нуриддин ҳаминҳоро манъ кардем. Ман ҳам тарафдорам, ки «Равшан» ғалаба кунад.»

Ин модар мегӯяд, дар аввал ба мухлисии фарзандаш зид буд, аммо ҳоло ин амали фарзандашро дуруст медонад ва худ низ ба мухлиси футбол табдил ёфтааст.

Вай афзуд:«Дар бозиҳое, ки дар Кӯлоб мешаванд, ҳамчун мухлис бо занҳои дигар иштирок мекунем, лекин роҳи дур намеравем. Аммо тез-тез мепурсем, ки ҳисоб чанд шуд. Ман ҳам ҳоло мухлис шудаам.»

Мушкили ҷои хоб дар Кӯлоб овозаҳоеро ба миён овард, ки бозингарони хориҷии қасди тарки «Равшан»-ро доранд.

Аммо Дэвид Мауто, нимҳимоятгари тими “Равшан”-и Кӯлоб дар як тамоси телефонӣ аз шаҳри Турсунзода гуфт, то кунун дар манзилҳои зиндагӣ мекарданд, ки шароити дуруст надошт ва ҳоло онҳо аз бунёди меҳмонхонаи ройгон барояшон хушҳоланд.

Баҳром Рустамов, сардори дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб мегӯяд, воқеан, барои маскун кардани бозингарони хориҷӣ ҳамеша мушкил доштанд.
Ӯ гуфт: “Иҷоранишин буданд ва ду се нафари дар ҳар кунҷи шаҳр зиндагӣ мекарданд, ки ин ба машқҳои мо халал мерасонд. Ҳоло дар як ҷо хоб мекунанд, дар як ҷо хӯрок мехӯранд ва дар як ҷо машқ мекунанд, ки ин ба мақсад мувофиқ аст. Мо аз ин ҷавонмардии соҳибкор хеле хушҳолем ва мо ҳамеша дар паҳлӯи ӯ хоҳем буд.”

Ҳоло дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб даҳ легионер дорад, ки 5 нафари онҳо аз давлати Ганаи Африқо буда, боқимонда аз дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки тими "Равшан"-и Кӯлоб дар бозии асосии даври даҳуми мусобиқоти лигаи олии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бар тими "Истиқлол"-и Душанбе ғолиб омад. Ин бозӣ шоми 7 сентябр ба иллати омода набудани майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури тақрибан 6 000 тамошобин доир шуд. Тӯби ягонаро дар ин бозӣ легионери ганагии "Равшан" Саломон Течӣ дар дақиқаи шашуми қисми аввали бозӣ зад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG