Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили рабудашудаи афғонро раҳо кардаанд


Ҷангҷӯёни Толиб як вакили рабудаи зан дар порлумони Афғонистонро бо хешовандони як мақоми расмии ин гурӯҳ иваз кардаанд. Як сухангӯи Толибон рӯзи якшанбе гуфт, ки Фиребо Аҳмадӣ Какарро бо чаҳор зан ва ду кудак иваз карданд, ки ҳукумати Афғонистон онҳоро боздошт карда буд. Хешовандони Фиребо Какар низ раҳоии ӯро таъйид карданд. Ин вакили афғонро рӯзи 13 август ҳангоми ҳаракаташ дар мошин дар вилояти ноороми Ғазнӣ рабуданд.
XS
SM
MD
LG