Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби ҳокими Австралия дар интихобот шикаст хӯрд


Аҳзоби муҳофизакори Австралия дар интихоботи порлумонӣ бар Ҳизби Коргарӣ пирӯз омада ва ба ҳукумати шашсолаи он дар кишвар хотима доданд. Кевин Рудд, нахуствазири Австралия шикасти ҳизбаш дар интихоботи рӯзи шанберо эътироф кард ва гуфт, ки аз мақоми раиси Ҳизби Коргарӣ истеъфо медиҳад. Кумиссиёни Марказии Интихоботи Австралия гуфт, ки бар асоси шумориши 83 дар сади оро, эътилофи Либералӣ ва Миллӣ бар раҳбарии Тони Аббот аз ҳисоби 150 курсии Маҷлиси Намояндагон 88 курсиро соҳиб шудааст. Ҳизби Коргарӣ 56 курсиро аз они худ кардааст. Баъди моҷароҳои дохилӣ дар Ҳизби Коргарии Австралия, ки бо барканории Ҷулия Гиллард, аввалин нахуствазири зан дар Австралия анҷомид, обрӯи ҳизби мазкур дар байни мардум коста шуд. Тони Аббот дар ҳузури тарафдоронаш дар шаҳри Сидней гуфт, ки “ҳукумати сазовори эътимод ва шоиста” таъсис хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG