Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо тарафдори иқдом алайҳи Сурия аст


Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, 28 кишвари узви иттиҳодия хостори “аксуламали возеҳ ва қатъӣ” алайҳи Сурия ҳастанд, ки аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода кардааст. Хонум Эштон баъди мулоқоти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо Ҷон Керрӣ ҳамтои амрикоии онҳо дар шаҳри Вилнюс гуфт:“Аксуламали возеҳ ва қатъӣ фавқуллода муҳим аст, то нишон бидиҳем, ки чунин ҷиноятҳо ғайриқобили қабул аст ва беҷазо намемонад.”
Хонум Эштон гуфт, далелҳои қатъӣ ҳамаи кишварҳои узвро мутақоид кардааст, ки маҳз давлати Сурия масъули истифода аз ин навъи аслиҳа аст, ки рӯзи 21 август дар канори шаҳри Димишқ бештар аз 1400 нафарро кушт. Дар миёни кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди амалиёти эҳтимолии Амрико алайҳи Сурия ихтилофи назар вуҷуд дошт. Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, рӯзи шанбе гуфт, кишвараш наметавонад, чунин амали режими Башор Асадро нодида бигирад. Ӯ аз конгресси Амрико хостааст, барои амалиёти маҳдуди низомӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия иҷоза бидиҳад.
XS
SM
MD
LG