Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омили қатли як хонавода дар Ботканд дастгир шуд


Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, як муттаҳам ба қатли чаҳор узви як хонавода дар вилояти Боткандро боздошт кардаанд. Дар раёсати умури дохилии вилояти Боткан ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки бино ба иттилои муқаддамотӣ, қотилон хешовандони ҳамин хонавода ҳастанд ва бинобар моҷаро, ба ҷони зани 52-сола ва писару арӯси ҷавони онҳо ва набераи яксолаи онҳо қасд кардаанд. Сарвари хонавода бо як набераи 3-солааш зинда мондаанд. Омилони ин ҷинояти мудҳиш ҷавонони аз 20 то 22-сола будаанд ва ҷустуҷӯи дуввумӣ идома доштааст. Пештар аз дар ноҳияи Исфараи ҳаммарз бо Ботканд низ панҷ узви як хонаводаро куштанд, вале омилони ин ҷиноят ҳанӯз ошкор нашудаанд.
XS
SM
MD
LG