Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифон дар интихоботи Австралия пирӯз шуданд


Бино ба гузориши телевизиони давлатии Австралия, зоҳиран дар интихоботи порлумонии ин кишвар аҳзоби муҳофизакор пирӯз мешаванд. Шумориши оро дар субҳи рӯзи шанбе маълум кардааст, ки аҳзоби мухолифи давлат ба раҳбарии Тони Аббот назар ба Ҳизби Коргарии ҳоким ба раҳбарии Кевин Руд раъйи бештар ба даст овардааст. Стивен Смиф, вазири дифоъи Австралия, эътироф кардааст, ки ҳизбашон дар интихобот шикаст мехӯрад. Баъди моҷароҳои дохилӣ дар Ҳизби Коргарии Австралия, ки бо барканории Ҷулия Гиллард, аввалин нахуствазири зан дар ин кишвар анҷомид, обрӯи ҳизби мазкур дар байни мардум коста шуд.
XS
SM
MD
LG