Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Деннис Родмен бо Ким Йонг Ун мулоқот кард


Деннис Родмен, басткетболбози маъруфи амрикоӣ, бори дуввум бо Ким Йонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот кардааст. Ӯ рӯзи шанбе баъди бозгашташ аз Пхенян зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Пекин, Ким Йонг Унро “рафиқи абадии” худ хонд. Ситораи пешини баскетболи Амрико гуфт, аз раҳбари Куриёи Шимолӣ доир ба сарнавишти Кеннет Бей, амрикоии куриётабор суол накардаст, зеро ин кори ӯ нест. Кеннет Бейро чанде пеш дар Куриёи Шимолӣ ба 15 соли зиндон маҳкум карданд. Қаблан Деннис Родман гуфта буд, мумкин аст аз Ким Йонг Ун тақозои раҳоии Кеннет Бейро кунад. Ба иттиллои хабаргузории расмии Куриёи Шимолӣ, ду тараф “гуфтугӯи самимона” доштаанд ва раҳбари Куриёи Шимолӣ аз Деннис Родман хостааст, ҳар вақт ки хоҳад ба Пхенян биёяд. Деннис Родман бори аввал моҳи феврал бо Ким Йонг Ун, ки мухлиси бозии баскетбол аст, мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG