Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизбони бозиҳои олимпии соли 2020 интихоб мешавад


Имрӯз дар нишасти Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ дар шаҳри Буенос Айреси Аргентина, мизбони бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020-ро интихоб мекунанд. Шаҳрҳои Токио, Истанбул ва Мадрид талабгори мизбонии ин бозиҳо ҳастанд. Бино ба гузоришҳо, имсол интихоби мизбон барои аъзои Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ сахттар аст, зеро Испониё дар банди рукуди иқтисодист, ҳамлаи эҳтимолӣ ба Сурияи ҳамсоя бо Туркия, мизбонии Истанбулро зери суол мебарад ва шанси Токио бо вуҷуди номзади аслӣ буданаш, бинобар ихроҷи олудагӣ аз нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима таҳти суол қарор гирифтааст. Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон, Мариано Раҷой, аз Испониё ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия барои ба даст овардани ҳаққи мизбонии бозиҳои олимпӣ ба Аргентина рафтаанд.
XS
SM
MD
LG