Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Ши Ҷинпинг аз Қазоқистон оғоз шуд


Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, боздид аз чаҳор кишвари Осиёи Марказиро рӯзи шанбе бо сафар ба Қазоқистон идома дод. Ӯ баъди ширкат дар нишасти сарони кишварҳои гурӯҳи Ҷи-20 дар шаҳри Санкт Петербурги Русия, рӯзи ҷумъа вориди шаҳри Остона шуд. Ши Ҷинпинг Чину Қазоқистонро ду ҳамсояи пураҳамият ва шарики стротегӣ номид ва гуфт, ҳамкориҳояшон ба суди мардуми ҳарду кишвар будааст. Раиси ҷумҳури Чин дар Остона бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон мулоқот мекунад ва қарор аст миёни ду кишвар 20 қарордоду созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо бирасад. Ши Ҷинпинг баъди Қазоқистон ба Узбакистон ва сипас ба Қирғизистон меравад. Дар шаҳри Бишкек ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкат хоҳад кард. Ши Ҷинпинг рӯзи сешанбе дар Туркманистон буд ва ба Тоҷикистон сафари расмӣ нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG