Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ бо вазирони аврупоӣ Сурияро баррасӣ мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико имрӯз дар шаҳри Вилнюс бо вазирони умури хориҷии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо амалиёти эҳтимолии низомии кишвараш алайҳи ҳукумати Сурияро баррасӣ мекунад. Ӯ шоми ҷумъа вориди пойтахти Литва шуд ва рӯзи якшанбе дар шаҳри Порис низ ҳамин масъаларо бо дипломатҳои дигари аврупоӣ ва араб баррасӣ хоҳад кард. Ҳукумати Амрико мегӯяд, истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ дар наздикии Димишқ, ки бештар аз 1400 нафарро кушт, кори дасти нерӯҳои давлатии Сурия аст ва ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад бояд сазои ин амалашро бубинад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз порлумон хостааст, ки барои амалиёти низомӣ иҷоза бидиҳад ва интизор меравад, вакилони амрикоӣ рӯзи душанбе ба баррасии ин дархост шурӯъ кунанд.
XS
SM
MD
LG