Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама зиддияти бархе кишварҳо ба ҳамла ба Сурияро иқрор кард


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, изҳор намуд, аксари сарони кишварҳои гурӯҳи G-20 мутмаинанд, ки ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурия аз сӯи режими Башор Асад сурат гирифтааст. Ва аммо, афзуд ӯ, дар мавриди зарурати истифодаи нерӯ дар Сурия, ихтилофи назар ба миён омад.

Зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ баъд аз анҷоми нишасти сарони 20 кишвари пешрафаи олам, раҳбари ИМА гуфт, ки хомӯшӣ дар баробари ин амали режими Башор Асад дигар режимҳои “идоранашаванда”-ро барои истифода аз силоҳи кимиёвӣ таҳрик медиҳад.

Барак Обама хабар дод, ки рӯзи сешанбе дар робита ба авзоъ дар Сурия ба мардуми Амрико муроҷиат хоҳад кард. Ӯ мегӯяд, ки зарба ба муассисаҳои режими Башор Асад – муҷозот барои истифодаи силоҳи кимиёвист.

Аз ин пештар, зимни суханронӣ дар Санкт-Петербург, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор намуд, ки Маскав дар сурати ҳамлаи беруна ба Сурия ба ин кишвари арабӣ кӯмак хоҳад кард. Ӯ гуфт, ки "мо ҳоло ҳам кӯмак мекунем, ба Сурия силоҳ мефурӯшем ва дар бахши иқтисодӣ ҳамкорӣ дорем".

Владимир Путин мутмаин аст, ки истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар атрофи Димишқ – дасисаи мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Сурия аст.

Дар эъломияи ниҳоии нишасти G-20 ба мавзӯи Сурия ишорае нашудааст.
XS
SM
MD
LG