Пайвандҳои дастрасӣ

Аксарияти ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон гуфтаанд, ки анҷуманҳои худро барои пешбарии номзад ба маснади президентӣ охирҳои моҳи сентябр баргузор хоҳанд кард. Танҳо ҳизби ҳоким ин иқдомро ба аввали октябр вогузор кардааст.

Дар ҳоле ки ба охирин рӯзҳои муҳлати пешбарии номзадҳо таъйин шудани анҷумани ҳизби ҳоким суолу тахминҳоеро ба бор овардааст, мақомоти он мегӯянд, ин таърих бо назардошти ҷадвали кории раҳбари ҳизб муайян гаштааст.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки ин анҷуман дар рӯзи холии ҷадвали кории раиси ҳизб баргузор шавад: “Таври маълум, раиси ҳизби мо – президенти кишвар ҳастанд ва бо корҳои давлатӣ машғуланд. Раҳбарияти ҳизб ҳам ба чунин хулоса ҳастанд. Аз нигоҳи қонун ҳам мо ҳеҷ мушкиле дошта наметавонем”

Таври маълум, пешбарии номзадҳо имсол 7-уми октябр ба анҷом мерасад ва анҷумани ҳизби ҳоким қарор аст, 4-уми октябр ҷараён гирад.

Коршинос Давлати Усмон мегӯяд, шитоб накардани ҳизби ҳоким на танҳо далели эътимоди он ба тавоноиҳои хеш аст, балки ин ҳизбест дорои таҷриба ва шароити озоди фаъолият ва он ҳам дар кишвари хурд: “Тоҷикистон як кишвари паҳновар нест, ки гӯем, мушкили техникӣ пеш ояд. Аз ҳама нуктаҳояш ба марказ ҳамагӣ 5 – 10 соат роҳ аст. Ҳамзамон ҲХДТ таҷрибаи бузургеро дорад, тайи 20 соли ахир, бахусус таҷрибаи пирӯзиҳоро ва ҳам дар тамоми навоҳӣ сохторҳояш ҳастанд.

Бархе аз нозирони дигар ин ҳолатро як “интригаи интихобтӣ” меноманд ва мегӯяд, сабаби, ба истилоҳ “дер кардани” ҲХДТ пеш аз ҳама хулосаи зарурӣ бардоштан аз фаъолияти ҳизбҳои дигар аст, ки киро пешниҳод мекунанд ва чӣ роҳкорҳоеро дар пеш мегиранд. Ин дар ҳолест, ки ду ҳизби сиёсӣ ҲНИТ ва ҲСДТ гуфтаанд, бо номзади ягона вориди сабқат хоҳанд шуд. Ҳизбҳои сотсиалистӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, коммунистӣ ва аграрӣ эълон доштаанд, ки анҷуманҳои худро барои пешбарии номзад ба маснади президентӣ охирҳои моҳи сентябр баргузор хоҳанд кард.

Ба ғайр аз ин, тибқи Қонуни интихоботи президентии Тоҷикистон, ҳамчунин Федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба, Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалливу шаҳрии Вилояти худмухтори Бадахшон ва дигар шаҳру навоҳӣ ҳуқуқи пешниҳод кардани танҳо як номзадро дар анҷуманҳо ва ё конфронсҳои худро доранд.

Номзад ба маснади президентӣ бояд 5 дарсади имзои интихобкунандагонро, ки тақрибан 210 ҳазор нафарро ташкил мекунад, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон пешниҳод кунад. Намояндаи ҳизби ҳоким гуфтааст, ки ҷамъоварии ин миқдор имзо барояш мушкиле нахоҳад дошт, зеро аъзои ҳизб дар саросари кишвар 230 ҳазор нафар ҳастанд. Аммо ҳизбҳои дигар, ки на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо созмонҳои худро доранд ва теъдодашон ҳам аз 5 то 40 ҳазор нафар аст, дар ҷамъоварии 210 000 имзо мушкилӣ хоҳанд кашид.

Амнияти Абдулназар, муовини раиси ҲСДТ мегӯяд, сабаби таъхир ва мушкили асосии ҲХДТ сиёсӣ аст, аз ҷумла ба даст овардани пуштибонии Русия, ки мунтазир аст, Созишномаи пойгоҳи 201 имзо шавад: “Аз нигоҳи ман, интихоботи Тоҷикистон ба Русия рабт дорад. Ва агар ин созишнома имзо шавад, ҳизби ҳоким ва номзадаш шояд то ҷое дастгирии Маскавро ба даст орад”

Муҳлати баргузории анҷумани ҳизби ҳоким, ки мумкин аст, раҳбари худ ва президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ кунад, ба арафаи зодрӯзи ҷаноби Раҳмон ва ҳам Рӯзи забони тоҷикӣ рост меояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG