Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати узви аршади шабакаи Ҳаққонӣ дар Вазиристони Шимолӣ


Бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар минтақаи қабоилнишини Вазиристони Шимолии Покистон шаш узви шабакаи Ҳаққонӣ, ки бо “Ал-Қоида” пайванд дорад, кушта шуданд. Ба иттилои Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, дар ин ҳамла дар мавзеи Ғулом Хон, воқеъ дар марзи Афғонистон, фармондеҳи аршади ин шабака Мулло Сангин Задрон ҳам ба ҳалокат расидааст.

Задрон соли 2011 ба “рӯйхати сиёҳи террористон”, ки ИМА таҳия кардаст, шомил буд. Ӯро волии “Толибон” дар вилояти Пактикои Афғонистон мехонданд.

Мулло Сангин Задрон дар одамрабоӣ, бомгузориҳо ва интиқоли афроди мусаллаҳ барои ташкили ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон айбдор мешуд.
XS
SM
MD
LG