Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Минотавр-5" LADEE-ро то ба Моҳ мебарад


Шоми ҷумъа аз пойгоҳи кайҳонии Уоллопс, воқеъ дар аёлати Вирҷинияи ИМА, мушаки “Минотавр-5” парвоз карда, таҷҳизоти кайҳонии LADEE-ро то ба Моҳ мебарад. Қарор аст, ки ин таҷҳизот тайи се моҳ фазо ва гарду ғубори атрофи Моҳро пажуҳиш кунад.

Ин нахустин мушак аст, ки пойгоҳи кайҳонии Уоллопс ба Моҳ фиристода мешавад. Аз ин пеш парвозҳо ба Моҳ, аз ҷумла, парвози киштии кайҳонии “Апполон” аз пойгоҳи кайҳонӣ дар димоғаи Канаверал дар Флорида сурат гирифта буданд. Як мушаки дигар ба Моҳ аз аёлати Калифорния ҳам партоб шуда буд.
Бар пояи хабарҳо, дар сурати мусоидии боду ҳаво мушаки “Минотавр-5”-ро метавон дар фазои шарқи Амрико – аз аёлати Мен дар шимол то аёлати Каролинаи Шимолӣ дар ҷануби кишвар наззора кард.

Таҳияи барномаи LADEE соли 2008, замоне, ки дар ИМА мавзӯи эҳёи парвози ҳавонавардон ба Моҳро баррасӣ мекарданд, шурӯъ шуд. Аммо соли 2010 маъмурияти раисиҷумҳур Барак Обама аз тарҳи парвози ҳавонавардон ба Моҳ даст кашид.
XS
SM
MD
LG