Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Дуйсбурги Олмон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони 78 кишвар ширкат доштанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Олмон бо касби 16 медал (8 тилло +6 нуқра +2 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Маҷористон (7+5+5) дар ҷойи дувум, Русия (4+4+1) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ду варзишгар – Шаҳриёр Даминов ва Виталий Сериков намояндагӣ карданд. Онҳо дар чаҳор навъи рақобатҳо ширкат варзида, дар сетоаш ба нимфинал баромаданд.

Дар даври ниманиҳоӣ Шаҳриёр Даминов дар қаиқи яккаса ба масофаи 1000 метр бо натиҷаи 04:46.237 дар байни 9 нафар беҳтаринҳо қарор гирифт. Виталий Сериков бошад, дар қаиқи яккаса ба масофаи 500 метр дар нимфинал бо натиҷаи 02:00.046 ҳаштум шуд. Вай, инчунин, дар қаиқи яккаса ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 43.054 мақоми 7-умро касб кард.

Ҳарду варзишгари тоҷик дар қаиқи дукаса ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 49.715 дар мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи худ нӯҳум шуданд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Нодир Сафаров, мураббии қаиқронҳои тоҷик, хабар дод. Вай афзуд, “варзишгари ҷавони тоҷик Шаҳриёр Даминови 17-сола, ки барои аввалин бор бо бузургсолон рақобат кард, ба рейтинг ё феҳрасти ҷаҳонии беҳтарин қаиқронҳо дохил шуд ва феълан дар мақоми 26-ум қарор дорад. Ин натиҷа ба ӯ имкон медиҳад, ки муборизаро барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли 2014 дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд, дилпурона идома бидиҳад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG