Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Пактико афроди мусаллаҳ адибаи ҳиндро куштанд


Дар вилояти Пактико, воқеъ дар шарқи Афғонистон, адибаи ҳинд Сушмита Банерҷӣ кушта шуд. Ба иттилои полис, нависандаи маъруфро толибон шоми чаҳоршанбе тирборон карданд ва ҷасадашро дар канори як мадраса партофтанд. Сушмита Банерҷӣ 49 сол дошт. Толибон даст доштани худро дар ин ҳодиса рад кардаанд.

Хонум Банерҷӣ корманди тиббӣ буд ва аммо чун муаллифи китоби “Хонуми Кобуливолӣ Банғолӣ” шӯҳрат ёфт. Ин асар соли 1995 дар Ҳиндустон нашр шуд ва то ҳол яке аз серхонандатарин китобҳо маҳсуб мешавад. Аз рӯи он Болливуд филми “Фирор аз Толибон”-ро рӯи навор овардааст. Адибаи ҳинд аз ҳаёти занони афғон низ филм навор мегирифт.

Сушмита Банерҷӣ соли 1989 баъди издивоҷ бо як тоҷири афғон дар вилояти Пактико муқимӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG