Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пауэр: Русия Шӯрои амниятро ба гаравгон табдил додааст


Саманта Пауэр, намояндаи домии ИМА дар Созмони Милали муттаҳид, Русияро дар он айбдор кард, ки бо мухолифат ба қабули қатънома алайҳи Сурия дар робита ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ алайҳи мардуми осоишта аз сӯи Димишқ Шӯрои амниятро ба гаравгони худ табдил додааст.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк хонум Пауэр гуфт, Маскав нақзи дағалонаи қавонини байнумилалиро, ки истифодаи силоҳи кимиёвиро манъ кардааст, нодида мегирад.

Намояндаи ИМА дар СММ афзуд, ки Вошингтон кишварҳои узви Шӯрои амниятро дар робита бо натиҷагирии худ аз ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурия ошно кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар пояи иттилои дарёфтшуда метавонад ба хулосае омад, ки режими Башор Асад алайҳи мардуми худ ҳамлаи кимиёвиро раво дидааст.

Хонум Пауэр ҳамчунин гуфт, дар асоси далелҳои мавҷуда ИМА метавонад бидуни ризояти Шӯрои амнияти СММ ҳам дар Сурия амалиёти низомӣ доир намояд. Ӯ ҳамчун намунаи таърихӣ аз амалиёти НАТО алайҳи Сербия ҳангоми низоъ дар Косово дар соли 1999 ёдовар шуд.
XS
SM
MD
LG