Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бодканд як хонаводаро тирборон карданд


Дар рустои Қара-Булоқи вилояти Бодканди Қирғизистон афроди мусаллаҳи ношинос як хонаводаро тирборон карданд. Тавре сокинони маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, бар асари ин ҳодиса, ки шаби гузашта рӯй дод, чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд ва як кас ҷароҳат бардошт.

Муовини раиси идораи умури дохилии вилояти Бодканд Улан Рисбеков ин хабарро тайид кард ва аммо аз ифшои ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ варзид. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса хабар дод, ки дар ин ҳамла сарвари хонадон маҷрӯҳ шуда, духтари сесолаи ӯ ҷон ба саломат бурдаанд. Марди маҷрӯҳ ҳоло дар бемористони Бодканд қарор дорад ва табибон вазъи ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд. Ин хонавода дар канори рустои Қара-Булоқ мезист, ки аз марзи Ӯзбакистон 30 километр ва аз марзи Тоҷикистон 100 километр дур ҷойгир аст.

Ёдовар мешавем, моҳи гузашта як хонавода дар хоҷагии деҳқонии №5, ҷамоати деҳоти «Чоркуҳ»-и ноҳияи Исфара ҳам ҳадафи ҳамин гуна ҳамла қарор гирифта буд. Дар ин ҳодиса Бобо Халлоқов, номи дигараш Абдуқаҳҳор, соли таваллудаш 1952, ҳамсараш Халлоқова Мӯҳтарама, соли таваллудаш 1953, духтараш Мамадҷонова Гулчеҳра, соли таваллудаш 1975, ки бо писараш, қурбонии чорум - Халлоқов Иноятулло соли таваллудаш 2000 ба меҳмонӣ омада буд, ҳамагӣ сокини ҷамоати деҳоти «Чоркуҳ» - и Исфара ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, қотилон чанд нафар буданд ва бо забонҳои қирғизиву русӣ сӯҳбат мекарданд.

Бо амри вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов гурӯҳи махсуси фаврӣ - тафтишотӣ созмон дода шуда, барои муқаррар ва боздошт кардани ҷинояткорон корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд. Мақомоти хабари боздошти яке аз қотилонро, ки чанд рӯз пеш нашр шуд, то ҳол расман тайид накардаанд.
XS
SM
MD
LG