Пайвандҳои дастрасӣ

ФФТ – барандаи Ҷоми «Истиқлол»


Дар акс: Мӯҳсин Муҳаммадиев, капитани ФФТ ва Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи "Истиқлол".

Дар акс: Мӯҳсин Муҳаммадиев, капитани ФФТ ва Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи "Истиқлол".

Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон барандаи Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд гардид.

Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки шоми 5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бар тими «Вавилон» бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард. Ду голи дастаи ғолибро Комрон Шодиев ба ҳадаф расонд. Олег Ширинбеков ва Рустами Эмомалӣ, ки бо 26 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид, якголӣ заданд.

Дастаи ФФТ бо Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва ҷоизапулӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ сарфароз шуд. Ба дастаи «Вавилон», ки дар бозии ниҳоӣ мағлуб гашт, мукофотпулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, беҳтарин бозигари ин мусобиқа гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG