Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ дар Аврупо вазъи Ховари Миёнаро баҳс мекунад


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Рӯзи ҷумъа котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар чорчӯби сафараш ба се кишвари Аврупо вазъи Сурия, Миср ва раванди сулҳи Исроилу фаластиниҳоро баҳс хоҳад кард.

Департаменти давлатии ИМА мегӯяд, рӯзи шанбе дар Вилнюс Керрӣ бо ҳукумати Литва, ки раҳбарии даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад,ҳамкориҳои минтақаӣ ва гуногунсозии таъминоти энергетикиро баррасӣ мекунад.

Дар нишасти ғайрирасмӣ бо вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бошад, вазъи Сурия, Миср ва раванди сулҳи Исроилу фаластиниҳо баҳс хоҳад шуд.

Баъд Керрӣ ба Фаронса сафар карда, бо мақомоти ин кишвар ва раҳбарони Ҷомеа ё худ Лигаи кишварҳои араб дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.

Сипас дар анҷоми сафар Керрӣ рӯзи душанбе дар Лондон бо мансабдорони Британия ва раҳбари идораи мухтори фаластиниҳо Маҳмуд Аббос вомехӯрад.
XS
SM
MD
LG