Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муаллифи "Фирор аз Толибон" кушта шуд


 Сушмита Банерҷӣ

Сушмита Банерҷӣ

Зани ҳиндӣ, ки дар солҳои навадуми қарни гузашта дар бораи фирор аз Толибон китоб навиштааст, дар шарқи Афғонистон ба қатл расид.

Полис мегӯяд, Сушмита Банерҷӣ шоми чоршанбе дар вилояти Пактико аз тарафи Толибон кушта шуд.

Ҷасади ӯро дар назди як мадрасаи динӣ пайдо кардаанд. То ҳол касе масъулияти куштори ин зани 49-соларо бар ӯҳда нагирифтааст.

Полиси афғон ба хабаргузориҳо гуфтааст, Банерҷӣ, ки бо номи Саид Камола низ машҳур аст, дар як созмони беҳдоштӣ ифои вазифа намуда, дар бораи ҳаёти занони маҳаллӣ филм таҳия мекард.

Банерҷӣ соли 1989 бо як соҳибкори афғон издивоҷ намуда, ба ин кишвар кӯчида буд. Соли 1995 ӯ дар бораи фирораш аз Толибон китоб навишт, ки бо номи “Ҳамсари бенгалии Кобуливоло” дар Ҳиндустон харидори зиёд пайдо кард.

Дар соли 2003-ум Боливвуд зери унвони “Фирор аз Толибон” як филм навор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG