Пайвандҳои дастрасӣ

Покистониҳо бо ҳамла дар Кобул муттаҳам мешаванд


Мақомоти Афғонистон як гурӯҳи ҷангҷӯи покистониро масъули тирпарронӣ дар масҷиди мусулмонони шиа номидаанд.

Хадамоти амниятии Афғонистон мегӯяд, субҳи панҷшанбе бар асари тирпарронӣ дар масҷиди канори ғарбии Кобул се намозхон маҷрӯҳ шудаанд.

Ду нафар бо либоси афсарони полиси афғон дар дохили масҷид оташ кушоданд, вале дар табодули оташ ҳар ду кушта шуданд.

Хадамоти амниятии Афғонистон мегӯяд, масъулияти ҳамла болои масҷиди мусулмонони шиа бар дӯши гурӯҳи покистонии мусулмонони суннимазҳаб бо номи Лашкари Ҷангвӣ аст.

Ҷониби афғон ҳамчунон “баъзе ҳалқаҳои хадамоти кашфи Покистон”-ро бо кӯшиши ноором кардани Афғонистон муттаҳам кардааст.

Ҳукумати Афғонистон борҳо Покистон ва хадамоти кашфи ин кишварро бо тақдими паноҳгоҳ ба ҷангҷӯён ва кумак ба онҳо дар таҳияи ҳамлаҳо дар дохили Афғонистон айбдор кардааст.

Ҳафтаи гузашта ҳангоми зиёрат аз Афғонистон президенти афғон Ҳомиди Карзай аз ҳукумати Покистон даъват кард, ки дар ташкили музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон саҳм гирад.
XS
SM
MD
LG