Пайвандҳои дастрасӣ

Исломиҳои Индонезия мухолифи озмуни зебоӣ ҳастанд


Ифротгароҳои исломии Индонезия эътироз бар зидди баргузории озмуни зебоиро аз сар гирифта, онро озмуни бадахлоқиву фаҳшо унвон додаанд.

Рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Ҷакарта тахминан 800 узви гурӯҳи Ҳизбуттаҳрири Индонезия раҳпаймоии эътирозӣ доир карданд.

Ҳамин гуна ҷамъомадҳо бо тақозои манъи баргузории озмун дар се шаҳри дигари Индонезия ҳам барпо шуд.

Эътирозҳо бар зидди озмун ҳафтаи гузашта оғоз ёфта буданд. Озмуни Miss World ва ё Маликаи ҳусни олам рӯзи якшанбе дар ҷазираи Балӣ шурӯъ мешавад.

Ташкилкунандагони озмун ваъда додаанд, ки ин намоиш бо эҳтиром ба анъанаҳои Индонезия баргузор хоҳад шуд.

Аксари мусулмонони Индонезия пайрави муътадили дини ислом мебошанд, вале солҳои ахир дар ин кишвар садои ифротгароҳо баландтар мешавад.

Индонезия бо 240 миллион аҳолӣ ва давлатдории дунявӣ бузургтарин кишвари исломии олам ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG