Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Украина ҳамкорӣ бо Аврупоро баррасӣ мекунад


Вакилони порлумони Украина имрӯз барои қабули як идда аз асноде раъй медиҳанд, ки аз ҳамоиши он кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ мекунанд. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина масъалаи раъйдиҳиро бо аъзои ҳизби ҳокими Манотиқи Украина баррасӣ кард. Володимир Макейенко, намояндаи ҳизб дар порлумон ба хабарнигорон гуфт, ки вакилон ба тарафдории равобити наздиктари Украина бо Иттиҳодияи Аврупо раъй хоҳанд дод. Украина умедвор аст, моҳи ноябри ҳамин сол Аҳдномаи мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупоро ба имзо бирасонад, ки тиҷорати озод миёни ду тарафро дар назар дорад. Русия мухолифи ин аҳднома аст ва саъй дорад, то Украинаро ба Иттиҳоди Гумрукӣ ҷалб кунад, ки бо Ҷумҳурии Белорус ва Қазоқистон таъсис додааст. Аъзои ин иттиҳод гуфтаанд, ки мехоҳанд, то соли 2015 ба мисли Иттиҳодияи Аврупо, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё таъсис диҳанд.
XS
SM
MD
LG