Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масоили баҳс дар нишасти Ҷи-20 дар Русия


Имрӯз дар шаҳри Санкт Петербурги Русия, нишасти сарони 20 кишвари аз назари саноатӣ пешрафтаи ҷаҳон шурӯъ мешавад. Сарони кишварҳои гурӯҳи мавсум ба Ҷи-20 дар ин нишаст роҳҳои рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, шаффофият дар кори бонкҳо ва мубориза бо сарпечӣ аз пардохти молиётро баррасӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо истифода аз фурсат дар ин нишаст, ба иқдоми низомӣ алайҳи Сурия даъват хоҳад кард. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, Сурияро барои истифодаи эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ дар наздикии шаҳри Димишқ танбеҳ бидиҳанд. Владимир Путин гуфтааст, ҳаргуна амалиёт дар Сурия таҷовуз ба хоки он кишвар аст. Барак Обама бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқоти як ба як нахоҳад дошт ва мақомоти расмӣ гуфтаанд, мумкин аст дар ҳошияи нишаст гуфтугуе дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG