Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дохилии Миср аз сӯиқасд ҷон ба саломат бурд


Бино ба гузоришҳо аз Миср, Муҳаммад Иброҳим, вазири умури дохилии ин кишвар, рӯзи панҷшанбе аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурдааст. Ҳангоми ҳаракати мошини ӯ дар ноҳияи Насри Қоҳира бомбе таркида ва чанд нафарро маҷрӯҳ кардааст. Худи вазир осебе надидааст. Маълум нест, бомбгузорӣ кори дасти маргталаб будааст ва ё бомбро аз дур ба ҳаракат даровардаанд. Муҳаммад Иброҳим, аз масъулони саркӯби тазоҳуроти пайравони созмони исломгарои Ихвонулумуслимин ва тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср дониста мешавад. Ноҳияи Наср дар Қоҳира низ як такягоҳи аслии Ихвонулмуслимин аст, ки Муҳаммад Мурсиро ба қудрат расонд. Барканории ӯ аз тарафи артиши Миср дар рӯзи 3 июн сабаби эътирозу муноқишаҳо шуд ва садҳо нафар ҳам кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG