Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳри Карочиро аз унсурҳои ҷиноӣ пок мекунанд


Давлати Покистон амр додааст, барои саркӯби унсурҳои ҷиноӣ ва тундравон дар Карочӣ бузургтарин шаҳри ин кишвар амалиётеро шурӯъ кунанд. Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, баъди мулоқоти дурӯза бо тоҷирони бузург ва мақомоти расмии Карочӣ чунин амр додааст. Қатлу одамрабоӣ аз тарафи тундравони исломӣ ва унсурҳои ҷиноӣ, низоъҳои сиёсиву мазҳабӣ ҳамвора як дарди сар барои шаҳри Карочӣ будааст. Нисор Алихон, вазири умури дохилии Покистон гуфтааст, маъмурони амниятӣ ҳуввияти 450 нафар муттаҳам ба ҷиноятҳои гуногунро ташхис кардаанд ва боздошти онҳо аз яке аз ҳадафҳои амалиёт хоҳад буд, ки қарор аст то чанд рӯзи дигар шурӯъ шавад. Рӯзи панҷшанбе дар Карочӣ 14 нафар аз ҷумла афсари баландрутбаи нерӯҳои баҳри Покистонро куштанд. Ба гуфтаи Кумиссиёни Ҳуқуқи Башари Покистон тайи ним соли гузашта дар ин кишвар 1700 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG