Пайвандҳои дастрасӣ

Кохи Сафед аз тасвиби дархосташ истиқбол кард


Ҳукумати Амрико аз тасвиби дархости раиси ҷумҳур Барак Обама барои иқдоми низомӣ дар як кумитаи сенат истиқбол кард. Баъд аз тасвиби ин дархост, дар Кумитаи Равобити Умури Хориҷии сенат, Ҷей Карни, сухангӯи Кохи Сафед, гуфт, амалиёти маҳдуди низомӣ, манофеъи амнияти миллии Амрико ҳифз ва қудрати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия барои истифода аз аслиҳаи кимиёвиро бисёр заъиф хоҳад кард. Барак Обама аз порлумони Иёлоти Муттаҳида хостааст, иҷоза бидиҳад, ки дар аксуламал ба истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурия алайҳи ин кишвар нерӯи низомӣ истифода шавад. Бар тибқи дархост, амалиёт набояд аз 90 рӯз бештар бошад ва ҳеҷ нерӯи заминӣ ҳам ба Сурия фиристода нашавад. Қарор аст, сенати Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи оянда дархости амалиёти низомӣ дар Сурияро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG