Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари муовини вазири дифои Амрико ба Тоҷикистон


Дафтари матбуоти cафорати Иёлоти Мутаҳида дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Майкл Викерс, муовини вазири дифои Амрико рӯзи 4-уми сентябр дар ҷараёни сафари расмии худ ба Тоҷикистон бо масъулони ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Амрико мулоқотҳо доир намудааст.

Майкл Викерс дар ин дидорҳо доир ба масоили амниятии минтақа, ки ҷонибҳоро нигарон кардааст, гуфтугӯ кардааст.

Вазорати дифои Амрико изҳори омодагӣ кардааст, ки аз ҳама навъ иқдомот ба хотири таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ пуштибонӣ хоҳад кард.

Майкл Викерс ҳафтаи равон дар чаҳорчӯби нахустин сафари расмиаш ба Осиёи Марказӣ ба чанд кишвари минтақа боздидҳои кӯтоҳмуддат анҷом додаст.
XS
SM
MD
LG