Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сандуқи байнулмилалии пул ба Покистон қарз медиҳад


Сандуқи байнулмилалии пул ба Покистон барои рафъи бӯҳрони молиявӣ, таъмини рушди сармоягузорӣ ва пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ 6,5 миллиард доллар қарз медиҳад. Ин қарз захираи арзии кишвар, ки вақтҳои ахир коҳиш ёфтааст, пурра месозад. Тасмими Сандуқи байнулмилалии пул имкон медиҳад, ки Исломобод ба зудӣ ба бахши аввали ин қарз дар ҳаҷми 540 миллион доллар дастрасӣ пайдо кунад.

Дар ивази қарзи Сандуқи байнулмилалии пул ҳукумати Покистон ваъда супурдааст, ки мубориза бо сарпечӣ аз андозро ташдид мебахшад ва ислоҳотро дар бахши энерҷии кишвар роҳандозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG