Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсояҳои Сурия хостори кӯмаки бештар ба фирориён шуданд


Қароргоҳи паноҳандагони суриягӣ дар Урдун
Қароргоҳи паноҳандагони суриягӣ дар Урдун
Чаҳор кишвари ҳамсояи Сурия дар робита ба нокофӣ будани кӯмаки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ду миллион паноҳанда аз ин кишвари гирифтори ҷанг изҳори ниграонӣ карданд.

Вазирони Урдун, Лубнон, Ироқ ва Туркия баъд аз мулоқоти муштарак зери сарпарастии СММ дар Женева изҳор намуданд, ки онҳо барои фишор болои ҷомеаи байнулмилалӣ дар мавриди ироаи кӯмаки муассиртар ба паноҳандагон аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегиранд. Ба гуфтаи онҳо, бӯҳрони марбут ба фирориён аз Сурия метавонад ҳама минтақаро нооромтар созад.

Ҳар чаҳор кишвар эълом доштанд, ки то охири моҳ нишасти кишварҳои узви СММ-ро созмон медиҳанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, онҳо мехоҳанд аз дигар кишварҳо кӯмаки молиявӣ хоҳанд ва ба бархе кишварҳо пешниҳод намоянд, ки паноҳандагони суриягиро қабул кунанд.

Ба иттилои Идораи СММ дар умури паноҳандагон, аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ин кишварро беш аз 2 миллион нафар тарк намудаанд. Ин ниҳод рӯзи сешанбе хабар дод, ки тайи як соли ахир теъдоди фирориён тақрибан даҳ баробар афзоиш ёфтааст. Антонио Гуттиериш, намояндаи Идораи СММ дар умури паноҳандагон, изҳор намуд, ки “Сурия ба бузургтарин фоҷиаи қарн табдил шудааст”.

Созмони Милал мегӯяд, ҳамарӯза тақрибан панҷ ҳазор суриягиҳо дар кишварҳои ҳамсоя панаҳ мебаранд. Теъдоди фирориёни дохилӣ дар Сурия аз марзи чаҳор миллион нафар убур кардааст.
XS
SM
MD
LG