Пайвандҳои дастрасӣ

Қиссаи як ҷавони маҷрӯҳ баъди "облава" ва се моҳи хидмат


Ҳусейн Ғуломов

Ҳусейн Ғуломов

Як аскари нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди маҷрӯҳ буданаш се моҳ пеш аз тариқи «облава» ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб шуд.

Ҳусейн Ғуломов ҳоло дар госпитали ҳарбии сарраёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бистарӣ аст. Ба гуфтаи Ҳусейн, баҳори имсол вай ба аёдати падари бемораш ба беморхонаи маркази ноҳияи Фархор мерафт, вале дар роҳ нозири минтақавии пулис ӯро боздошт карда, зӯран ба коммиссариати ҳарбӣ бурд: «Маро дар назди идораи деҳа нозири пулис боздошт карда, ба коммиссариати ҳарбӣ бурд. Дар он ҷо либосҳоямонро иваз карда, осемасар аз духтур гузаронида, шабона ба шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол доданд.»

Ҳусейн мегӯяд, ки ӯ ҳамроҳи аҳли хонаводаашон дар солҳои гушнагӣ касалии шикамдамӣ (гелиотроп)-ро аз сар гузаронидааст ва як маъюби нафақахӯр ба шумор рафта, аз масъулияти хидмат дар артиш озод шудааст. Аммо ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати ман, духтурони ҳарбӣ ҳангоми ташхиси вазъи сиҳатии ӯ ба суханаш бовар накарда, ӯро комилан тандуруст эълон кардаанд.

Ҳусейн афзуд, ки дар давоми се моҳи хидмат дар артиш ӯ аллакай бори саввум аст ки дар бемористон бистарӣ мешавад ва аз дарди ҷигар азият мекашад.

Аммо як масъули шӯъбаи махсуси коммиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод ба ҳеҷ ваҷҳ сарбозонро тариқи «облава» ба артиш ҷалб намекунад: «Даври «облава» гузашт, ҳозир нест. Ҳоло даъватномаро ба дасти сарбоз месупорем, вай бо волидайнаш ҳамсӯҳбат мешавад ва баъдан ба аскарӣ меравад.» Ӯ афзуд, ки ҳар даъватшаванда ду дафъа - дар сатҳи ноҳия ва вилоят -аз муоинаи тиббӣ мегузарад.»

Аммо Қиёмиддин Ғуломов, бародари Ҳусейн мегӯяд, баъди ду рӯзи «облава» шудани бародараш волидайн ҳуҷҷатҳои маҷрӯҳ будани ӯро, ки аз рӯи онҳо вай ҳатто нафақаи маъюбӣ мегирифтааст, ба коммиссариати ҳарбӣ пешниҳод кардаааст, вале «коммиссариати ҳарбии ноҳия ин ҳуҷҷатҳоро гирифта, ҳеҷ чора наандешид. Бар замми ин ҳуҷҷатҳоро руст кардаанд ва бо бозпас намедиҳад, то ин ки мо ба дигар мақомот пешниҳод кунем. Падарам чанд бор рафт, ҳуҷҷатҳоро надодаанд. Ман барои ҳалли ҳамин масъала аз муҳоҷират аз Маскав баргаштам».


Қиёмиддин мегӯяд, ӯ ва волидайнаш барои аз хидмати артиш озод кардани бародари маҷрӯҳашон ба коммиссарияти ҳарбии минтақаи Кӯлоб ва прокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, вале онҳо низ ҳуҷҷатҳои маҷрӯҳии бародарашро талаб доранд, ки дар дасти коммиссариати ҳарбии Фархор будааст. Ба ин далел, ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, маҷбур шудаанд ба матбуот муроҷиат кунанд.

Ин ҳодисаи ягонаи ҷалби ҷавони носолим ба артиш нест. Дар гузашта низ расонаҳо аз чунин ҳодисаҳо хабар дода буданд. Аммо тавре дар прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ин ниҳод омори алоҳидаи ҳолатҳое, ки ба далели хунуназарии духтурони комиссарияти ҳарбӣ ҷавонон зуран артиш ҷалб мешаванд, надорад.

Вале сардухтури яке аз госпиталҳои ҳарбии Душанбе ба Озодӣ гуфт, аз ҳар 4 сарбозе, ки дар ин беморхона бистарӣ мешаванд, то 3 нафараш ғайри қобили хидмат дар артишанд: «Бисёре аз онҳоро зӯран тариқи облава ба артиш ҷалб кардаанд. Баъд дар рафти хидмат онҳо дар госпитал бистарӣ мешаванд ва мо баъди ташхис касалии ӯро муайн карда, ҳамчун ғайри қобили хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ӯро озод мекунем.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG