Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муддаиёни Ҷоми «Истиқлол»

Tajikistan -- Football Cup of Istiqlol team, undated
Tajikistan -- Football Cup of Istiqlol team, undated

Чаҳор даста – Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), «Бонки миллӣ», Академияи футболи «Истиқлол» ва «Вавилон» ба даври ниманиҳоии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд роҳ ёфтанд.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ ФФТ бар “Ориёнбонк” бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Ду голи Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва як голи Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии кишвар, ба ФФТ пирӯзӣ оварданд. Дастаи ФФТ дар бозии ниманиҳоӣ бо тими “Бонки миллӣ”, ки дар чаҳорякфинал бар “Динамо - ВКД” аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:4 (замони асосӣ – 4:4) ғалаба кард, рақобат мекунад.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи “Вавилон» бо Академияи футболи «Истиқлол» вориди рақобат мешавад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ «Вавилон» бар «Формула успеха-1» бо ҳисоби 2:1 ва Академияи футболи «Истиқлол» бар «Антикоррупсия» бо ҳисоби 3:1 ғалаба карданд. Бозиҳои ниманиҳоӣ шоми чоршанбеи 4-уми сентябр барпо мегарданд.

Бозии ниҳоии Ҷоми КФ «Истиқлол» рӯзи панҷшанбе, 5-уми сентябр, соати 19 дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG