Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сикҳ ва ҳиндуҳои Афғонистон соҳиби курсӣ шуданд


Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай бо фармонаш ақаллиятҳои сикҳ ва ҳиндуи Афғонистонро соҳиби курсии хос дар Маҷлиси поёнии парламенти ин кишвар кард.

Рӯзи чоршанбе дафтари матбуотии президентИ Афғонистон изҳор намуд, ки дар як моҳи оянда қонуне дар ин бора пешниҳод мешавад ва сар аз даъвати ояндаи парламент ин иқдом амалӣ хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ парламенти ояндаи Афғонистон аз 250 курсӣ иборат хоҳад буд. Раиси Анҷумани сикҳ ва ҳиндуҳои Афғонистон Кишон Сингҳ Ҳунарёр ба ин тасмими президенти Афғонистон баҳои баланд дод.

Чанде пеш вакилони мардумии афғон аз тахсиси курсии хос барои ақаллияти сикҳу ҳиндуи ин кишвар сарпечӣ карда буданд. Дар Афғонистон тахминан 700 оилаи сикҳ ва ҳинду ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG