Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоби Ереван: Ё Маскав, ё Брусел


Мансабдорони Иттиҳодияи Аврупо ба Арманистон ҳушдор додаанд, ки қарори шомилшавии ин кишвар ба Иттиҳоди гумрукии зери назорати Русия имкони имзои созиши калидии сиёсиву иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро коҳиш медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Литва Линас Линкевичус гуфт, Иттиҳодияи Аврупо тасмими вуруди Арманистон ба Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Беларусро эҳтиром мекунад, вале Ереван наметавонад дар як вақт ба ду созмон шомил шавад.

Рӯзи сешанбе баъди эълони тасмими президенти Арманистон Серж Саркисян дар бораи вуруди ин кишвар ба Иттиҳодия гумрукӣ дар маркази Ереван тахминан сад нафар раҳпаймоии эътирозӣ ташкил карданд. Полис камаш 6 нафарро боздошт намуд.
XS
SM
MD
LG