Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари раҳбари Чин ба Туркманистон идома дорад


 Ши Ҷинпинг ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Ши Ҷинпинг ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Рӯзи чоршанбе зиёрати президенти Чин Ши Ҷинпинг аз Туркманистон идома ёфт.

Рӯзи сешанбе Ши бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар маросими имзои созишномаҳои таҳкими ҳамкориҳои миёни ду кишвар ва аз ҷумла тавсеаи содироти гази Туркманистон ба Чин, иштирок карданд.

Бар пояи ин санад то соли 2020-ум содироти гази туркманӣ ба 65 миллиард метри мукааб хоҳад расид.

Дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои Осиёи Марказӣ ва Русия раҳбари Чин ҳамкории Чину Туркманистонро намунаи ҳамкориҳои саросарӣ дар соҳаи энергетика номид.

Туркманистон тақдимкунандаи калидии газ ба Чин мебошад ва Чин калонтарин коршарики тиҷории Туркманистон аст.

Дар чорчӯби аввалин сафари Осиёи Марказӣ дар мақоми раҳбари Чин Ши ба Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон низ ташриф хоҳад овард.

Рӯзи панҷшанбе Ши дар мулоқоти раҳбарони 20 кишвари пешрафтаи олам маъруф бо номи G20, ки дар шаҳри Санкт Петербурги Русия доир мешавад, ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG