Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одамрабои амрикоӣ худро овехтааст


 Ариэл Кастро
Ариэл Кастро
Рӯзи сешанбе дар ҳуҷраи маҳбас ҷасади марде ёфт шуд, дар аёлати Оҳайои ИМА се занро тӯли даҳ сол дар хонааш зиндонӣ карда буд.

Мансабдорони зиндон мегӯянд, Ариэл Кастро худро овехта буд. Табибон марги ӯро тасдиқ кардаанд.

Се зан, ки яке 14, дигаре 16 ва сеюмӣ 20-сола буданд, ҷудо-ҷудо дар байни солҳои 2002-2004-ум ғайб заданд. Ин занон шашуми май дари хонаро шикаста, аз ҳамсояҳо кумак хостанд.

Кастро ҳамон рӯз боздошт шуда, якуми август бо ҷурми одамрабоӣ ва таҷовуз ба номус ба ҳабси ҳаётӣ маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG