Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон соҳиби озмоишгоҳи ташхиси ДНК мешавад


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, қарор аст, ба зудӣ дар кишвар шароиту имкони ташхиси ДНК фароҳам шавад. Шералӣ Раҳматуллоев, раҳбари Маркази модар ва кӯдаки тобеъи вазорати тандурустии Тоҷикистон, ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт: "Вазири тандурустӣ барои овардани таҷҳизоти ташхиси ДНК ба Тоҷикистон дастур додаанд. Ҳамчунин мо дар Русия се мутахассиси ин соҳаро тайёр карда истодаем. Ба фикри ман чунин марказ то охири ҳамин сол дар назди Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ боз мешавад." Ба қавли Шералӣ Раҳматуллоев, таҷҳизоту абзори лозим барои ташхиси ДНК бисёр гарон аст ва аз 110 то ба 300 ҳазор доллар мерасад. То кунун ниёзмандони ташхиси ДНК аз Тоҷикистон маҷбур мешаванд ба Узбакистон ё Қазоқистону Русия муроҷиат кунанд. ДНК захираи иттилоотии генетикии инсон ва ҳар мавҷудоти дигари зинда аст.
XS
SM
MD
LG