Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди раиси ҷумҳури Чин аз Туркманистон


Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, рӯзи сешанбе бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамтои туркмани худ дар шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон мулоқот кард. Дар оғози сафари нахустинаш ба Осиёи Марказӣ, Ши Ҷинпинг бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, тақвияти равобит ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст. Ба гузориши хабаргузории расмии Туркманистон, аз ҷумла зимни ин сафар тарҳи хати нави лӯлаи гази Туркманистон-Чин муаррифӣ шуд, ки аз соли 2009 ду кишварро ба ҳам васл мекунад. Чин соли гузашта бештар аз нисфи гази воридотиашро аз Туркманистон харидааст. Раиси ҷумҳури Чин ба истиснои Тоҷикистон ба Қазоқистону Узбакистон ва барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзи 13 сентябр ба Қирғизистон ҳам сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG