Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Данфорд: "Талафоти сарбозони афғон бисёр зиёд аст"


Фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон мегӯяд, талафот дар артиш ва нерӯҳои пулиси ин кишвар бисёр зиёд аст. Аз ин рӯ ба гуфтаи генерали амрикоӣ Ҷозеф Данфорд, мумкин аст, нерӯҳои Афғонистон то 5 соли дигар ба кӯмаку тамрини кишварҳои ғарбӣ эҳтиёҷ дошта бошанд ва сипас масъулияти комили таъмини амният дар кишварашонро бар ӯҳда бигиранд. Ҷозеф Данфорд, дар ин бора дар як мусоҳиба бо рӯзномаи “Гордиан”-и Бритониё сухан гуфтааст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки нерӯҳои Афғонистон то охири соли 2014, масъулияти таъмини амнияти кишварашонро бар ӯҳда мегиранд, ҳарчанд теъдоде аз нерӯҳои хориҷӣ барои тамрину омӯзиши онҳо боқӣ мемонанд. Ба қавли генерал Ҷозеф Данфорд, шояд теъдоде аз ин сарбозон то соли 2018 дар Афғонистон бимонанд.
XS
SM
MD
LG