Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама амалиёти Сурияро бо вакилон баррасӣ кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ибрози итминон кард, ки вакилони мардумии кишвараш ба “амалиёти маҳдуди низомӣ” дар Сурия иҷоза хоҳанд дод. Барак Обама дар ин бора рӯзи сешанбе дар мулоқоте бо раҳбарони ҳарду палатаи порлумони Иёлоти Муттаҳида сухан гуфт. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, амалиёти низомӣ, тавоноии нерӯҳои Башшор Асад дар истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ “барои акнун ва оянда” бисёр кам хоҳад кард. Барак Обама афзуд: "Ин як иқдоми маҳдуд ва муносибе хоҳад буд, ки на танҳо ба режими Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, балки кишварҳои дигар, ки шояд мехоҳанд, баъзе аз ин меъёрҳои байналмилалиро нақз кунанд паёми возеҳе медиҳад, ки ингуна амалкард подош хоҳад дошт." Қарор аст, конгресси Амрико ҳафтаи оянда дархости ҳукумат барои мудохилаи низомӣ дар муноқишаи Сурияро баррасӣ кунад. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, нерӯҳои Башор Асад рӯзи 21 август дар чанд маҳаллаи наздики шаҳри Димишқ аслиҳаи кимиёвӣ ба кор бурда ва бештар аз 1400 нафарро куштанд.
XS
SM
MD
LG