Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадалӣ Маҳмадов


Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон. 21 декабри соли 1951 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо номи Мавлоно Яъқуби Чархӣ маъруф аст, ба дунё омадааст. Соли 1972 омӯзишгоҳи рассомӣ ва соли 1979 факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз солҳои 1979 дар филмҳо нақш меофарад. То имрӯз беш аз 50 нақш дар филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Осетия, Сурия, Алҷазоир, Миср, Венгрия ва дигар кишварҳо иҷро кардааст.
Барандаи Ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон(1985),Ҷоизаи байнидавдатии «Ситораҳои Иттиҳод» (2011).
Оиладор, соҳиби ду писар.
XS
SM
MD
LG