Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҷинпинг ба Осиёи Марказӣ аз Ашқобод шурӯъ шуд


Сафари давлатии Си Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, ба Осиёи Марказӣ рӯзи сешанбе аз Туркманистон шурӯъ шуд. Ба иттилои расмӣ, дар ибтидои ин сафар, ки ду рӯз идома хоҳад кард, Си Ҷинпинг ва раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бредимуҳаммадов дар маросими шуруи истихроҷи газ дар кони бузурги Галканиш ширкат мекунанд. Ҳаҷми гази ин кон 26,2 миллиард метри мукааб аст ва он дар феҳристи ғанитарин конҳои гази ҷаҳон дар ҷойи дуввум қарор дорад. Чин барои коркарди кони Галканиш ба Туркманистон 8,1 миллиард доллар қарз додааст. Қарор аст, ки дар ин кони бузург беш аз 30 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин шаванд. Ширкати миллии нафтугази Чин (CNPC) дар кони Галканиш 22 чоҳи газ канда, корхона ва чандин биноҳои истеҳсолӣ бунёд кардааст.

Си Ҷинпинг рӯзҳои 5-6-уми сентябр дар нишасти раҳбарони 20 кишвари пешрафти олам дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва 13-уми сентябр дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек ҳузур хоҳад дошт.

Қарор аст, ки раҳбари Чин боз аз ду кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон ва Ӯзбакистон ҳам дидан кунад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сабаби ба кишвар наомадани Си Ҷинпингро бо он рабт додааст, ки чанде пеш сафари расмии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Чин баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG