Пайвандҳои дастрасӣ

Родман боз ба дидори Ким Чен Ин меравад


Родман бо Ким Чен Ин қаблан мулоқот карда буд

Родман бо Ким Чен Ин қаблан мулоқот карда буд

Баскетболбози собиқи амрикоӣ Дэннис Родман ба хотири мулоқот бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ба Пхенян меравад. Ӯ рӯзи сешанбе дар Пекин ба хабарнигорон гуфт, ки мехоҳад дар таъсиси лигаи баскетболи Кореяи Шимолӣ ширкат кунад.

Баскетболбози маъруф изҳор намуд, ки дар ҷараёни сафараш дар мавриди раҳоии шаҳрванди Амрико, таблиғгари масеҳӣ Кеннет Бей музокирот анҷом нахоҳад дод. Бей бо иттиҳоми фаъолияти тахрибкорона дар Кореяи Шимолӣ ба 15 соли корҳои иҷборӣ маҳкум шудааст. Қаблан Родман дар Твиттер навишта буд, ки шояд дар мулоқот бо Ким Чен Ин мавзӯи раҳоии Кеннет Бейро ба миён мегузорад.

Дэннис Родман моҳи феврали соли равон дар сафараш ба Пхенян бо Ким Чен Ин, ки мухлиси баскетбол аст, мулоқот карда буд.

Чанд рӯз пеш Пхенян даъватнома ба фиристодаи Амрико дар умури ҳуқуқи башари дар Кореяи Шимолӣ Роберт Кингро бо далели баргузории тамринҳои муштараки низомӣ миёни ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ лағв кард.
XS
SM
MD
LG