Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намунаҳои дар Сурия пайдошуда барои озмоиш фиристода шуданд


Намунаҳои аз минтақаи ҳамлаи силоҳи кимиёвӣ дар Сурия ҷамъовардаи нозирони байнулмилалӣ ба озмоишгоҳҳо кишварҳое фиристода шудаанд, ки узви Шӯрои амнияти СММ нестанд. Дар ин бора рӯзи сешанбе намояндаи СММ хабар дод. Қарор аст имрӯз Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, даҳ узви муваққати Шӯрои амниятро бо ҷараёни таҳқиқот ошно созад.

Рӯзи душанбе Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен изҳор намуд, ки аз назари шахсии ӯ масъулияти ҳамлаи кимиёвӣ бар дӯши режими раисиҷумҳур Башор Асад аст. Ба гуфтаи Расмуссен, ба ӯ дар ин бора маъмулот расидааст, аммо ӯ чӣгунагии ин маълумотро ифшо накард.

Рӯзи душанбе хадамоти кашфи Фаронса гузориш дар бораи аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Сурия истифода шудани гази зарин дар канори Димишқро муаррифӣ кард. Минтақае, ки силоҳи кимиёвӣ истифода шудааст, таҳти назорати ошӯбгарони мусаллаҳ қарор дорад.

Порис эълом дошт, ки талошҳо барои таъсиси як эътилофи байнулмилалӣ алайҳи режими Асадро идома медиҳад.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, талош дорад, ки ба ризояти Конгресс барои амалиёти низомӣ дар Сурия муваффақ шавад. Аммо, ба иттилои хабаргузориҳои ғарбӣ, қонунбарорҳои амрикоӣ бо вуҷуди аз сӯи вазири умури хориҷӣ Ҷон Керрӣ ироа шудани маълумот дар бораи истифодаи сиҳлоҳи кимиёвӣ аз сӯи Димишқ, ба имкони қабули дархости Обама зиёд хушбин нестанд.

Режими Башор Асад дар истифодаи силоҳи кимиёвӣ мухолифини мусаллаҳро айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG