Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумиссиюни муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон


Имрӯз 3-юми сентябр дар шаҳри Боку дувумин ҷаласаи кумиссиюни байнидавлатии иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба кори худ оғоз кард.

Дафтари матбуоти вазорати хориҷии Тоҷикистон зимни таъиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст, Раҳмат Бобокалонов, вазири обу мелиоратсия, ки ҳамраисии кумиссиюни муштараки иқтисодӣ - тиҷоратӣ бо Озарбойҷонро бар ӯҳда дорад, раҳбарӣ мекунад.

Густариши табодули коло миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон, рушди бахши саноат, кишварзӣ, технологияи иттилоотӣ, фарҳангу илм ва варзиш аз мавзуъоти матруҳа дар ин нишаст унвон шудааст.

Ҳамчунин ин манбаъ меафзояд, ҷонибҳо масоили ташкили форумҳои тиҷоратӣ ва баргузории намоишгоҳҳои мухталифро ба манзури тақвияти ҳамкориҳои соҳибкорӣ миёни ду кишвар маврид баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

Интизор меравад, нишасти кумиссиюни муштараки иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таърихи 5 сентябр бо имзои протоколи натоиҷи нишасти кумиссиюни муштараки иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар ба поён расад.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тобистони соли гузашта бо як сафари расмии дурӯза дар Озарбойҷон буд, ки дар ҷараёни он даҳ санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, беҳдошт, сайёҳӣ ва ғайра ба имзо расида буд.

Тибқи оморҳои расмӣ мубодилоти мол миёни Тоҷикистону Озарбойҷон тайи 5 моҳи соли гузашта 18 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG