Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса: Асад масъули ҳамлаи кимиёӣ мебошад


Дар як гузориши хадамоти кашфи Фаронса таъкид шудааст, ки нерӯҳои содиқ ба президенти Сурия Башор ал-Асад масъули ҳамлаи густардаи кимиёӣ мебошанд.

Рӯзи душанбе ин гузориш, ки аз 9 саҳифа иборат аст, дар рӯи мизи вакилони мардумии Фаронса гузошта шуд.

Бар пояи ин санад 21-уми август дар ҳамлаи канори шаҳри Димашқ камаш 281 кас кушта шуданд.

Ҳамчунон дар ин гузориш таъкид шудааст, ки бар асари ҳамлаҳои кимиёӣ дар Сурия то якуним ҳазор нафар вафот кардаанд.

ИМА ва Фаронса талаб доранд, ки режими Сурия барои ин амал муҷозот шавад. Президенти Сурия даст доштан дар амалиётро рад кардааст.

Ӯ рӯзи душанбе ҳушдор дод, ки ҳамлаи хориҷӣ болои Сурия боиси ҷанги минтақавӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG