Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷике бо ҳамла болои полис муттаҳам мешавад


Муфаттишони Маскав ба як зодаи Тоҷикистон айб эълон кардаанд.

Ба гуфти намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Сергей Стукалов як ҷавони 20-солаи зодаи Тоҷикистон бар пояи модаи 318-уми қонуни ҷиноии Русия бо муқовимати мусаллаҳона ба ходими полис муттаҳам мешавад.

Стукалов ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки рӯзи ҷумъа ҳангоми тафтиши ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо фурӯши маҳсулоти манъшудаи тамоку муттаҳам мешуд, ӯ кӯшиш кард аз ҷои ҳодиса фирор кунад.

Стукалов афзуд, вақте афсарони полис хостанд ӯро боздошт намоянд, ин шаҳрванди Тоҷикистон аз таппончаи пневматикӣ ба рӯи як афсар панҷ тир холӣ намуд, вале афсарони дигар ӯро дастгир намуданд.

Стукалов илова кард, ки дар ҷараёни кофтукоби ашёи шаҳрванди Тоҷикистон 66 халтача бо маҳсулот аз тамоку ёфт шуд, ки ҳоло мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG