Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Чин ба Осиёи Марказӣ меояд


 Сӣ Ҷинпинг ( аз чап) ва Александр Лукашенко ( аз рост)
Сӣ Ҷинпинг ( аз чап) ва Александр Лукашенко ( аз рост)
Рӯзи сешанбе сафари даҳрӯзаи президенти Чин Сӣ Ҷинпинг ба панҷ кишвари собиқ шӯравӣ оғоз меёбад.

Аз 3-юм то 13-уми сентябр раҳбари Чин аз Туркманистон, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Русия зиёрат намуда, дар ду нишасти байналмилалӣ ширкат хоҳад кард.

Ибтидо 5-6-уми сентябр Сӣ дар нишасти раҳбарони 20 кишвари пешрафти олам дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва сипас 13-уми сентябр дар нишасти раҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шангҳай дар пойтахти қирғизистон ҳузур хоҳад дошт.

Тахмин мешавад, ки аснои зиёрат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ президенти Чин рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодиро баҳс хоҳад кард. Сар аз соли 2010-ум Чин бузуртарин сармоягузори ин минтақа аст.

Ҳамчунон Сӣ тасмим дорад, вазъи амниятии Осиёи Марказӣ баъди соли 2014-ум, яъне баъди хуруҷи нерӯҳои паймони НАТО аз Афғонистонро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG