Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи Лукашенко 5 рӯз ҳабс шуд


Додгоҳи Беларус як фаъоли мухолифи ҳукуматро ба муддати панҷ рӯз аз озодӣ маҳрум кард.

Ба қавли додгоҳ ӯ дар ҳоли сархӯшӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ ҳарфи носазо гуфтааст.

Аммо рӯзи душанбе ҳангоми эълони ҳукм Иля Дабратвор худро бегуноҳ номид. Дабратвор рӯзи ҷумъа дар метрои Минск дастгир шуд.

Ҳангоми боздошт Дабратвор парчами таърихии Беларусро, ки аз тарафи президенти ин кишвар Алесандр Лукашенко манъ шудааст, боло бардошта буд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Дабратвор гуфт, ҳадафи ӯ ҳамраъйӣ бо раҳбари Ҷабҳаи сиёсии ҷавонони Беларус Змитсер Дашкевич буд, ки ҳафтаи гузашта баъди се соли маҳбас раҳо шуд.

Ҳамчунон Дабратвор илова кард, ки мехост мухолифаташ бо президенти Беларусро, ки рӯзи ҷумъа 59-сола шуд, намоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG